ТАҒЙИРОТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Имсол донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн дар он иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 13.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2023 ба тасвиб расида, ба Низомномаи он тағйирот ворид гардид. Ин тағйирот — ворид намудани номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба озмуни мазкур мебошад, ки имсол донишҷӯёни мо дар он иштирок карда метавонанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи мазкур Ҷамшед Ғанизода баён дошт.
Гуфта шуд, ки барои иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмуни мазкур ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада барои дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн муваззаф гардидаанд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2022 дар назди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов Шӯрои муштараки диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси мусиқишиносӣ, номзади илм доир ба ихтисоси санъати мусиқӣ, дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисоси рассомӣ ва номзади илм доир ба ихтисоси санъати тасвирӣ, ороишию амалӣ ва меъморӣ таъсис дода шуд.
Соли 2022 тибқи тартиби муқаррарнамуда аз Донишкада ба узвияти Шӯрои муштараки диссертатсионӣ се нафар устодон пазируфта шуданд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






