ТАВАҶҶУҲ! Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» фаъолона иштирок менамоем

Февраль 5, 2023 15:07

ДУШАНБЕ, 05.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2023 ба тасвиб расида, маблағи мукофоти ғолибон ва баргузории озмун 3 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 210 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар соли равон озмун аз рӯйи 5 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, номинатсияҳои санъати тасвирӣ ва дизайн бори аввал баргузор мегарданд ва дар онҳо довталабон аз рӯйи жанрҳои санъати тасвирӣ (рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, графика, миниатюра), ороиши амалӣ (кулолгарӣ, заргарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб), дизайни графика, реклама, дизайни дохили бино, дизайни мӯд ва бофандагии бадеӣ иштирок мекунанд.

Дар ин замина, шумораи ҷойҳо барои ғолибони озмун 40 адад зиёд гардида, дар маҷмӯъ 115 ҷойро ташкил медиҳад. Ҳамчунин шумораи ғолибони Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза) низ 2 нафар зиёд шуда, ба 5 нафар мерасад.

Шумораи мукофотҳои пулӣ барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолиби ҷойҳои 1, 2, 3 ва Ҷоизаи ифтихорӣ (Шоҳҷоиза) мегарданд, 15 адад зиёд гардида, ба 61 адад расонида шуд.

Дар озмуни мазкур хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва баъд аз муассисаҳои таҳсилотиолии касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ходимони илмӣ ва эҷодӣ (гурӯҳи ҳаваскорон), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии касбӣ, мактабҳои санъат ва рассомии бачагона, инчунин колеҷи санъат, колеҷи рассомӣ ва муассисаҳои олии касбӣ, гурӯҳҳои касбӣ, сарояндагону навозандагони филармонияҳои халқӣ, театрҳои халқӣ, дастаҳои ҳунарии назди раёсат, шуъбаву бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ансамблҳои ҳунарӣ, оилавӣ (гурӯҳи касбӣ) метавонанд иштирок намоянд.

Ин озмун дар се давр- даври якум — моҳи май-июни соли 2023 дар маркази шаҳру ноҳияҳо даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2023 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — даври сеюм – нимаи дуюми моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бори нахуст бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баргузор гардида буд.

Имсол маротибаи чорум аст, ки ин озмун бо тағйирот ба низомномаи он баргузор гардида, ҳадаф аз баргузории он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ ва сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки бо дастури бевоситаи Пешвои миллат ба соҳибони ҷоизаҳои ифтихорӣ ва ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун дар баробари мукофоти пулӣ, инчунин имтиёзҳои дигар низ пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла, ғолибони озмун ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро пайдо намуда, барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати фарҳанг ба таври ройгон бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 5, 2023 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИФЗИ МЕРОСИ ТАЪРИХӢ-ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!». Таҳти чунин унвон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар шаҳри Бохтар беш аз 1 млн бех гулу бутта шинонида шуд
ТАСВИРИ ПИРЯХҲО ВА ОБҲО ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Осорхонаи миллӣ намоиш ифтитоҳ ёфт
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд
Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Таҳти чунин унвон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн намоиши асарҳо ифтитоҳ гардид
Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост
ШОГУН БАҲОР МУБОРАК! Дар Бадахшон базми наврӯзии ҷавонон доир карда шуд
НАВРӮЗ — ҚИМАТТАРИН МЕРОСИ НИЁГОН. Мулоҳизаҳои мардумшинос дар бораи таҷлили он аз давраи Сосониён то соҳибистиқлолии Тоҷикистон
НАВРӮЗ БАРОБАРИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ АЗИЗ АСТ. Дар шаҳри Хоруғ базми пуршукуҳи наврӯзӣ доир гардид
Дар шаҳри Бохтар Наврӯз — ҷашни қадимии миллати тоҷикро хотирмон таҷлил намуданд
«КӢ БА МАҚСАД МЕРАСАД?». Таҳти ин унвон бахшида ба Наврӯз китоби қиссаҳои бачагона ба нашр расид