Теъдоди ҳалокшудагони заминларза дар Туркия ба 5894 нафар расид

Февраль 8, 2023 08:56

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Туркия теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларзаи харобиовар ба беш аз 5,8 ҳазор нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора ноиби президенти Туркия Фуат Октай рӯзи чоршанбе зимни пахши мустақими шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ иттилоъ дод.

«Мутаассифона, мо маҷбурем, ки боз дар бораи ҳалокшудагон хабар диҳем. Теъдоди онҳо зиёд шуд. Ҳоло 5894 нафар ҳалок шуда, 34 810 каси дигар осеб дидаанд. Шумораи биноҳои харобшуда бетағйир аст (5775, — тавзеҳи АМИТ «Ховар»)», — гуфт ӯ.

Бино ба гуфтаи Фуат Октай, дар минтақаи офати табиӣ 16 139 нафар наҷотдиҳандагон, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ кор мекунанд.

«Наҷотдиҳандагони хориҷӣ омада истодаанд. Онҳо низ ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҷалб карда мешаванд», — илова кард ӯ.

Шаби оянда, ба иттилои Фуат Октай, тасмим гирифта шуд, ки неруи бештар ба бартараф кардани харобаҳои Қаҳрамонмараш, Хатай ва Адияман сафарбар карда шавад. Ин минтақаҳо аз заминларза бештар зарар дидаанд ва вазъ дар онҷо мушкил боқӣ мемонад.

Қаблан вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа дар бораи ҳалок шудани 5434 нафар ва маҷрӯҳ гардидани 31 777 нафар хабар дода буд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2023 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд