Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия ба 31 643 нафар расид

Февраль 14, 2023 10:57

ДУШАНБЕ, 14.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди одамони дар натиҷаи заминларзаҳо дар Туркия ҳалокшуда ба 31,6 ҳазор нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора 13 феврал Раёсати ҳукуматӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AФАД) иттилоъ додааст.

«Ҳоло теъдоди қурбониён ба 31 643 нафар расидааст, 80 278 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 6444 бино валангор гардидааст. Дар маҷмӯъ 11 302 маълумотнома дар бораи хисорот дастрас шудааст», — гуфта мешавад дар изҳороти идора.

Раёсати Туркия оид ба ҳолатҳои фавқулода ҳамчунин хабар дод, ки беш аз 206 000 хайма ба минтақаҳои зарардида барои ҷойгиркунии муваққатии осебдидагон оварда шуд, ки 155 000 адади он насб ва истифода шуда истодааст. Дар минтақаи офатрасида қариб 35,5 ҳазор нафар наҷотдиҳандагон ва мутахассисон кор карда истодаанд. Аз 10 музофоте, ки аз офати табиӣ осеб дидаанд, беш аз 150 ҳазор нафар ба минтақаҳои дигар кӯчонида шуданд.

Аз лаҳзаи заминларзаи аввал — соати 4:17-и субҳи 6 феврал беш аз 2,5 ҳазор таконҳои зеризаминии такрорӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳорум аст, ки дар шаҳри Қаҳрамонмараш 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ машғуланд. Бо талоши онҳо то имрӯз аз зери харобаҳо 109 ҷасад ва се нафари зинда берун оварда шудаанд.

Намояндагони шаҳрдорӣ ва Раёсати Туркия оид ба ҳолатҳои фавқулода ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон барои корашон изҳори сипос карданд.

Мансур СУРУШ,
Ҷаҳонгир ГУЛМУРОДӢ,

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2023 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд