Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия ба беш аз 44 ҳазор нафар расид

Февраль 25, 2023 11:04

ДУШАНБЕ, 25.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия ба 44 218 нафар расид. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус 24 феврал Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати Туркия иттилоъ дод.

«Тибқи маълумоти охир, бар асари заминларзаҳо дар 10 вилояти Туркия 44 ҳазору 218 нафар ба ҳалокат расид. Пас аз заминларзаҳо 9136 пасларза рух додааст», — гуфта мешавад дар иттилоияи Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи ҳукумати Туркия.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал бо фосилаи 9 соат дар вилояти Қаҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларзаҳои шиддатнокиашон 7,7 ва 7,6 дараҷа рух доданд. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар даҳ вилояти Туркия ва давлатҳои ҳамсоя эҳсос шуда, аз ҳама беш Сурия осеб дид. Рӯзи душанбе дар музофоти Ҳатай ду заминларзаи нав бо шиддати 6,4 и 5,8 дараҷа ба амал омад.

 АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2023 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид