Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид

Февраль 7, 2023 08:44

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид, иттилоъ  медиҳад хабаргузории  “Trend” бо истинод ба «Анадолу».

Ба гуфтаи роҳбари Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) Юнус Сезар, бар асари заминларза 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаблан ноиби президенти Туркия Фуат Октой гуфта буд, ки дар маҷмӯъ 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд.

Ӯ афзуд, ки 338 000 нафар дар хобгоҳҳо, донишгоҳҳо ва паноҳгоҳҳо ҷойгир  карда шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки субҳи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷа ба вуқуъ пайваст.

Манбаи заминларза бо маркази он дар минтақаи Пазарҷики вилояти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр ҷойгир будааст. Дар вилоятҳои Ҳатай, Газиантеп, Килис, Османия, Малатия, Адияман, Шанлиурфа, Диёрбекир, Одона ва Қаҳрамонмараш харобиҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2023 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд