Тиҷорат ва сармоягузории устувор – калид ба ояндаи «сабз»-и минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором

Февраль 19, 2023 13:24

ДУШАНБЕ, 19.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи гузориши нави Бонки Осиёии Рушд (БОР), тиҷорат ва сармоягузории «сабз» барои ҳалли тағйири иқлим дар Осиё ва Уқёнуси Ором аҳамияти ҳалкунанда доранд ва ҳамкории зич аз ҳукуматҳои минтақаро тақозо мекунанд.

Дар ҳоле, ки тиҷорат ва сармоягузорӣ дар даҳсолаҳои охир ба рушди қавии иқтисодии Осиё мусоидат карданд, онҳо инчунин боиси афзоиши назарраси партовҳои карбон дар минтақаҳое шуданд, ки нисбат ба дигар минтақаҳо ба таъсири тағйири иқлим осебпазиртаранд. Баргардонидани ин тамоюл тадбирҳоеро, ба мисли пешбурди тиҷорати молҳо ва хизматрасониҳои экологӣ, рушди тиҷорати «сабз», таҳияи механизмҳои нархгузории карбон ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ тавассути созишномаҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ талаб мекунад, гуфта мешавад дар гузориши ҳамгироии иқтисодии Осиё (AEIR) 2023, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд нашр шудааст.

«Рушди таъсирбахш дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором миллионҳо нафарро аз камбизоатӣ раҳо кард, аммо ин аз ҳисоби хисороти экологӣ ба амал омад. Минтақа ҳоло дар маркази буҳрони иқлимӣ қарор дорад, ки метавонад раванди рушдро халалдор созад. Тиҷорат ва сармоягузорӣ чун яке аз омилҳои муҳими рушд ва коҳиши камбизоатӣ боқӣ мемонанд, аммо ҳукуматҳои минтақа бояд ҳамкориро барои «сабз» кардани тиҷорат ва сармоягузорӣ тақвият бахшанд»-, гуфт сариқтисодчии бонк Алберт Парк.

Партовҳои гази карбон, ки вобаста ба истеҳсолот дар Осиё дар байни солҳои 1995 ва 2019 тақрибан се маротиба афзоиш ёфтаанд, асосан суръати бесобиқаи рушди иқтисодӣ ва саноатсозии минтақаро барои қонеъ кардани талабот ҳам дар дохили минтақа ва ҳам дар бозорҳои содирот инъикос мекунанд. Минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҳоло назар ба дигар қисматҳои ҷаҳон тезтар гарм мешавад. Тақрибан 40% офатҳои табиии ҷаҳон дар ин минтақа рух медиҳанд ва зиёда аз 70% одамони аз офатҳои табиӣ зарардида дар Осиё ва Уқёнуси Ором зиндагӣ мекунанд. Офатҳои табиӣ ба таври номутаносиб ба занон ва аҳолии осебпазир таъсир мерасонанд.

Тибқи гузориш, ҳукуматҳои минтақа метавонанд тиҷорат ва сармоягузориро аз чунин ҳисоб устувортар ва сабзтар созанд:

-мусоидат ба савдои молҳо ва хизматрасонии экологӣ, ба монанди панелҳои офтобӣ;

-рушди тиҷорати «сабз» тавассути қоидаҳо, ҳавасмандкунӣ, стандартҳо ва низомҳои сертификатсия;

-густариши ҳамкории байналмилалии танзимкунанда барои таъмини шаффофият, эътимоднокӣ, мутобиқат ва ҳамкории мувофиқи уҳдадориҳо ва амалиёт дар масъалаи иқлим;

-таҳияи механизмҳои нархгузорӣ ба партовҳои гази карбон ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам фаромарзӣ тавассути робитаҳо ва иттиҳодияҳои минтақавӣ.

Гузориши AEIR пешрафти минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар заминаи ҳамкории минтақавӣ ва ҳамгироӣ, инчунин вазъи тиҷорат, сармоягузории фаромарзӣ, ҳамгироии молиявӣ ва ҳаракати одамонро баррасӣ мекунад. Тибқи гузориши соли 2023, ҳамгироӣ дар минтақа бо вуҷуди пандемияи COVID-19 соли 2020 устувор боқӣ монд. Аммо, пас аз барқароршавӣ дар соли 2021 рушди тиҷорат дар соли 2022 суст шуд.

Бонки Осиёии Рушд мекӯшад, ки минтақаи шукуфон, фарогир ва устувори Осиё ва Уқёнуси Оромро бунёд кунад ва ҳамзамон кӯшишҳои худро барои аз байн бурдани фақри шадид идома медиҳад. Бонки Осиёии Рушд соли 1966 таъсис ёфтааст ва 68 давлати узв дорад, ки 49-тои онҳо дар худи минтақа ҷойгир мебошанд.

Мансур Суруш,
Ҷаҳонгир Гулмуродӣ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 19, 2023 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд