ТОҶИКИСТОН- ҶОЛИБТАРИН МАМЛАКАТИ ОСИЁ. Ҷумҳурии мо дар Малайзия соҳиби ҷоиза гардид

Февраль 27, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 27.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 феврал дар шаҳри Куала Лумпури Малайзия маросими супоридани ҷоизаҳо зери унвони «Top Asia Corporate Ball 2023» аз рӯи натиҷаи овоздиҳии хонандагони яке аз расонаҳои маъруфи малайзиягӣ- «RHA SDN BHD» баргузор шуд, ки дар он Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарини Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия хабар доданд.

Бояд гуфт, ки расонаи малайзиягии «RHA SDN BHD» бо нашри маҷаллаҳои «Top 10 of Malaysia» ва «Top 10 of Asia» маъруф буда, шумораи хонандагони он дар як моҳ ба 400 ҳазор мерасад.

Таваҷҷуҳи асосии расонаи болозикр нашри маводи ҷолиб роҷеъ ба давлатҳо, ширкатҳо ва шахсиятҳоест, ки боиси рушду навоварӣ дар минтақаи Осиё шудаанд ва ё иқтидори бузурги созандагиро дар бахшҳои гуногун доро ҳастанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд