Вазири тандурустии Сурия дар бораи 1250 нафар ҳалокшудагон ва 2054 нафар маҷрӯҳон бар асари заминларза иттилоъ дод

Февраль 8, 2023 10:20

ДУШАНБЕ, 08.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон дар Сурия бар асари заминларзае, ки 6 феврал ба амал омад, ба 1250 нафар расид. Дар ин хусус рӯзи чоршанбе вазири тандурустии ин давлат Ҳасан ал-Габаш иттилоъ дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои ӯ, 2054 нафар зарардидагон бо ҷароҳатҳо ба бемористонҳо интиқол ёфтанд.

«Бо назардошти он ки корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома доранд, ин рақамҳо ниҳоӣ нестанд», — иброз дошт вазири тандурустӣ.

Ал-Габаш, ки аъзои ситоди буҳронии аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта мебошад, гуфт, ки ҳоло беш аз 600 нафар табибон ва кормандони соҳаи тиби Сурия барои расонидани кумак ба осебдидагон ба вилоятҳои Ҳалаб, Латакиё, Тартус ва Ҳумс фиристода шудаанд.

Тавре шабакаи телевизионии Al-Mayadeen хабар дод, хисороти бештар ба пойтахти иқтисодии Сурия (360 километр дуртар аз Димишқ) — ба Ҳалаб расидааст, ки дар онҷо бар асари офати табиӣ беш аз 3000 бинои истиқоматӣ хароб гашта, панҷяки аҳолӣ бе сарпаноҳ мондаанд. То соли 2018 дар ин шаҳр 1,8 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2023 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд