10 нафар бар асари сӯхтори бинои истиқоматӣ дар шимолу ғарби Покистон ба ҳалокат расид

Март 18, 2023 15:17

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари сӯхтори бинои истиқоматӣ дар музофоти Ҳайбар-Паҳтунхваи шимолу ғарби Покистон қариб 10 нафар ҳалок ва се тани дигар захмӣ шудааст. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус рӯзи ҷумъа намояндагони полис ва хадамоти наҷоти маҳаллӣ хабар додаанд.

Ҳодиса дар минтақаи Коҳистони Поён рух додааст. Фармон Алӣ, намояндаи хадамоти наҷоти маҳаллӣ ба расонаҳо изҳор намуд, ки субҳи рӯзи ҷумъа дар як хонаи чӯбӣ сӯхтор ба амал омад.

Бар асари сӯхтор боми хона фурӯ рехта, аъзои хонавода зери он мондаанд,- афзуд ӯ ва илова намуд, ки дар байни ҳалокшудагон занону кӯдакон низ ҳастанд. Сӯхтор ба фермаи ҳамсоя низ паҳн шудааст, ки ки дар он 8-10 сар гов ба ҳалокат расидааст.

Наҷотдиҳандагон, сӯхторнишонҳо ва табибони ёрии таъҷилӣ ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, осебдидагонро ба наздиктарин бемористон бурданд. Амалиёти наҷот идома дошта, як нафар то ҳол зери харобаҳо боқӣ мондааст, арз кард полис ва афзуд, ки дар он сокинони маҳаллӣ низ барои кумак иштирок мекунанд.

Тафтиши ҳодиса идома дорад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 18, 2023 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд