14 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРЁҲО. Рӯдҳои Тоҷикистон 55,4 % ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд

Март 14, 2023 14:41

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 14 март дар аксар давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо (International Day for Rivers) мебошад, ки ҳадафаш ҳифзи дарёҳо, об ва ҳаёт аст.

Ин сана аз баргузории нахустин конфронси байналмилалӣ, ки моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия доир гардида буд, сарчашма мегирад.

Дар ин иртибот бояд гуфт, ки ҳудуди Тоҷикистон 90 фоиз аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, асоси захираҳои обии мамлакатро пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанбор ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд.

Дарёҳои Тоҷикистон 55,4 % ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳанд

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки маҷрои миёнаи солонаи дарёҳо дар мамлакат ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар мебошад.

Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил менамояд.

Тоҷикистон барои истифодаи  эҳтиёҷоти худ  танҳо 10 фоизи оби  баҳри Арал, 15,4  фоизи ҳавзаи Амударё  ва 7,8 фоизи  оби Сирдарёро истифода менамояд.

Дар ҳудуди  Тоҷикистон тақрибан 947 дарё ҷорист

Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бойи обию гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлати болооб маҳсуб шуда, дарёҳо дороӣ ва хазинаи беҳтарини Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дар ҳудуди  Тоҷикистон тақрибан 947 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 500 км баробар мебошад. Амударё, Сирдарё, Панҷ, Зарафшон, Бартанг, Вахш, Кофарниҳон, Яғноб, Элок, Варзоб, Моғиёндарё, Зиддӣ, Фондарё, Искандардарё, Шинг, Киштрӯд, Қаратоғ, Хонақоҳ аз ҳамин қабиланд.

Амударё  ва Сирдарё рӯдҳои калонтарин ва асосии Тоҷикистон буда, ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунд ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон, Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.

Амударё — бузургтарин рӯди Осиёи Марказӣ

Амударё бо масоҳати 199 350 км2,  дарозии 2294 км ва ҷараёни миёнаи солонаи 78,46 кмкалонтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ба ҳавзаи ин дарё Афғонистон, Қирғизистон,  Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон шомил мебошанд.


Ба ҳавзаи Амударё аз дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон ҳаҷми зиёди об ворид мегардад, ки 75,5 фоизи ҳаҷми умумии захираи оби ҳавзаи дарёи Амуро ташкил менамояд.

Амударё барои арзи вуҷуд доштани миллионҳо мардуми минтақа ва пешбурду рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, истеҳсоли неруи барқ, саноат, таъминоти оби нӯшокӣ ва маишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Сирдарё чор давлатро убур намуда, ба баҳри Арал мерезад

Сирдарё бо масоҳати умумии 150100км2 дуюмин дарёи калонтарин дар Осиёи Марказӣ буда, дарозии умумии он аз нуқтаи якҷояшавии  дарёҳои Норин ва Қарадарё 2684 км ва аз  манбаи дарёи Норин 3019 км –ро ташкил медиҳад.

Сирдарё аз шимоли Тоҷикистон бо дарозии 192 км ҷорӣ ва ҳаҷми зиёди оби дар ҳудуди Тоҷикистон ба Сирдарё аз дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу воридгардида тақрибан 1,1 км3 –ро ташкил менамояд.


Қисмати асосии чараёни оби Сирдарё  дар ҳудуди Қазоқистон ташаккул ёфта, тақрибан 75 фоизро ташкил менамояд ва тавассути Узбекистон ва Тоҷикистон ҷорӣ гардида, дар ҳудуди Қирғизистон ба қисмати шимолии баҳри Арал пайваст мегардад.

Калонтарин дарёҳои ҷаҳон

Амазонка: калонтарин дарё дар ҷаҳон буда, дарозии он 6800 км-ро ташкил медиҳад. Оби дарёи Амазонка аз пиряхҳои кӯҳи  Мисми  сарчашма гирифта, ҳавзаи дарё   6,9 миллион км2— ро ташкил медиҳад. Амазонка аз ҳудуди давлатҳои  Амрикои Ҷанубӣ- Бразилия, Перу, Боливия, Колумбия, Эквадор, Венесуела ва Гайана убур менамояд. Ҳаҷми миёнаи оби дарёи Амазонка, ки ба уқёнуси Атлантика  мерезад, 219 000 м3/с –ро ташкил медиҳад.

Нил: бузургтарин рӯд дар қораи Африқо мебошад, ки 30 миллион сол муқаддам арзи вуҷуд намудааст ва дарозияш 6670 км  ва ҳаҷми оби он 5100 м3/с –ро ташкил медиҳад. Сокинони Мисри Қадим дарёи Нилро сарчашмаи ҳаёт- lteru ном мебурданд. Нил қаламрави давлатҳои африқоӣ, назири Бурунди, Кения, Конго, Руанда, Судон, Судони Ҷанубӣ, Танзания, Уганда, Эритерия ва Эфиопияро фаро мегирад.


Янтсизӣ:  дар Чин ҷорӣ мешавад, бо тӯли 6300 км ба баҳри Чини Шарқӣ мерезад. Ҳаҷми миёнаи оби Янтсизӣ 31 900 м3/с –ро ташкил медиҳад.

Миссисипӣ-Миссурӣ: бузургтарин дарё дар Америкаи Шимолӣ буда, дарозиаш бидуни Миссурӣ 3734 км  ва аз ҳавзаи Миссурӣ 5971 км аст, ҳудуди Америка ва Канадаро убур менамояд. Миссисипӣ дорои хусусияти гуногун мебошад, зеро он гоҳе кӯтоҳ ва гоҳе дароз  мешавад.

Хуанхэ: Дарёи Хуанхэро  метавон бо масофаи аз Москва то Байкал муқоиса намуд. Масоҳати ҳавзаи он 750 ҳазор километри мураббаъ  аст. Сарфи миёнаи оби дарё  2110 м3/с мебошад. Хуанхе дар забони чинӣ маънои Хуан Ҳэ «дарёи зард»-ро дорад, ки ба ранги зарду қаҳваранги оби он  ишора мешавад.

Об –Иртиш: Аз рӯи масоҳати ҳавзаи система дарёи Об-Иртиш дар Русия бо 2,9 миллион километри мураббаъ ҷои якумро ишғол мекунад. Ҳаҷми оби дарё  12800 м3/с буда, ба ҷуз аз Русия он тавассути қаламрави Қазоқистон ва Чин мегузарад. 

Енисей: Агар сарчашмаи рӯди Идэраро ибтидои дарёи Енисей шуморем, дарозии Енисей ба 5238 километр мерасад. Масоҳати ҳавзаи дарё 2,6 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба ғайр аз Русия Енисей дар Муғулистон низ ҷорӣ мешавад. Сарфи миёнаи оби он  18600 м3/с мебошад.

Лена: Дарёи Енисей аз сарчашмаи Витим 5100 км дарозӣ дорад. Енисей ягона дарёест, ки даҳанааш дар шароити яхбандии абадӣ ҷойгир аст. Дар шаҳри Олекмински Ҷумҳурии  Саха ҳатто муҷассамаи ин дарё — муҷассамаи семетраи «Зебо Лена» гузошта шудааст. Масоҳати ҳавзаи Лена  2,5 миллион километри мураббаъро ташкил дода, дар ҳудуди Русия ҷорӣ аст. Ҳаҷми миёнаи оби дарё 17,100 м3 / с буда, дар Русия дарёи пурбор арзёбӣ мегардад ва оби он ба баҳри Лаптев сарозер мешавад.

Амур-Аргун: Аз сарчашмаи дарёи Керулен то лаби Амур — 5052 км тӯл дорад. Масоҳати ҳавзаи дарё 1,9 миллион километри мураббаъро дар бар гирифта, дар дохили Русия ҷойгир аст. Дарё дар ҳар сония ба баҳри Охотск 11400 метри мукааб об мерезад. Бузургтарин шохоби дарёи Амур дарёи Зея аст.

Ла-Плата — Парана: Дарозии системаи дарё тақрибан ба роҳи аз Санкт-Петербург то Красноярск-  4800 км баробар аст. Масоҳаташ 3,1 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ла-Плата –Парана қаламрави Бразилия, Аргентина, Парагвай, Боливия, Уругвайро убур  намуда, оби он ба уқёнуси Атлантик бо суръати 25700 м3/с  мерезад

Инчунин дар қаламрави Русия бузургтарин дарёҳои ҷаҳон, ба мисли, Волга- 3530 км, Тунгускаи Поён- 2989 км, Вилюй- 2650 км, Ишим- 2450 км ва Урал- 2428 км мавҷуданд.

Пиряхҳо — сарчашмаи асосӣ ва пуробии дарёҳо

Яке аз сарчашмаҳои асосии оби дарёҳо дар ҷаҳон пиряхҳо буда, дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ нақши муҳим доранд. Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон зинаи ҳаштумро ишғол  менамояд.


Яке аз ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри  соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қабул шуд, эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад.

Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ дар бораи эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои аҳли башар дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим,  ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалист.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2023 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд