Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Тойчӣ» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бо иштироки роҳбарияти шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Тойчӣ» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.
Сохтмони бинои бунгоҳи саломатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳр ва шарикони рушд дар муддати 6 моҳ ба анҷом расид.
Бо ба истифода додани бинои нав, ки аз панҷ ҳуҷраи корӣ ва як ҳуҷраи бақайдгирӣ иборат аст, барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардид.
Бояд гуфт, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода аз 30 иншооти мавриди истифода қароргирифта се иншоот ба соҳаи кумаки аввалияи тиббӣ тааллуқ дорад.
Ифтитоҳи бунгоҳи саломатии «Ғарав» дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Регар ва Бунгоҳи саломатии «Оққурғон» дар деҳаи Обида Нуъмоноваи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, ки сохтмони онҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шарикони рушд, соҳибкорони маҳаллӣ ва сарҷамъии мардуми деҳот анҷом дода шуд, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум мусоидат намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт






