Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Тойчӣ» ифтитоҳ ёфт

Март 27, 2023 18:01

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бо иштироки роҳбарияти  шаҳри Турсунзода Маркази саломатии деҳавии «Тойчӣ» ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Сохтмони бинои бунгоҳи саломатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳр ва шарикони рушд дар муддати 6 моҳ ба анҷом расид.

Бо ба истифода додани бинои нав, ки аз панҷ ҳуҷраи корӣ ва як ҳуҷраи бақайдгирӣ  иборат аст, барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ шароити хуби корӣ муҳайё гардид.

Бояд гуфт, ки дар арафаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода аз 30 иншооти мавриди истифода қароргирифта се иншоот ба  соҳаи кумаки аввалияи тиббӣ тааллуқ дорад.

Ифтитоҳи бунгоҳи саломатии «Ғарав» дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Регар ва Бунгоҳи саломатии «Оққурғон» дар деҳаи Обида Нуъмоноваи Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, ки сохтмони онҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, шарикони рушд, соҳибкорони маҳаллӣ ва сарҷамъии мардуми деҳот анҷом дода шуд, ба баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум мусоидат намуд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 27, 2023 18:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд