Ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар форуми «Ҷомеаи солим» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 март дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Ҷомеаи солим» форум баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар форуми мазкур ҳамзамон намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва мутахассисон аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд.
Иштирокчиёни форум масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ, рақамикунонии соҳа, рушди туризми тиббӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар анҷоми форум барои саҳми назаррас гузоштан дар рушди ҳамкории ду давлат дар соҳаи тандурустӣ аз ҷониби вазорати тандурустии Русия вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Сипосномаи мазкур ба ҳайати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар форум иштирок дошт, супорида шуд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд
Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






