Ҳамкории Тоҷикистон бо Қатар ва Ҷумҳурии Корея дар муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар баррасӣ карда шуд

Март 16, 2023 13:11

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи иҷлосияи 66-уми  Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода бо роҳбари Раёсати  мубориза бо муомилоти маводи мухаддири Давлати Қатар Аҳмад Ал-Кувари ва  сардори Департаменти мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея хонум Ким Босенг мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовар иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот бо ҳайати Қатар директори Агентӣ оид ба вазъи маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадбирҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин самт, мушкилоти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон маълумот манзур намуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати пурзӯр намудани муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва таҳкими ҳамкории дуҷонибаи судманд ба имзо расонидани лоиҳаи нави созишномаи ҳамкории дуҷонибаро ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Ҳамчунин дар мулоқот бо ҳайати Ҷумҳурии Корея тарафҳо вазъи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро дар минтақа ва ҷаҳон ташвишовар баҳо дода, хоҳони рушди ҳамкории мутақобилан судманд шуданд.

Ҷониби Корея тазаккур дод, ки баҳри вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, баргузории амалиёти муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус бо Агентӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва дар оянда дар барномаҳои соҳавӣ татбиқи чорабиниҳои мушаххасро бо Агентӣ пешбинӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ҷиҳати иштирок дар иҷлосияи 66-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Венаи Австрия қарор дорад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 16, 2023 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд