Ҳар панҷумин белгиягӣ маҷбур аст, ки маҳсулотро аз хориҷа харидорӣ кунад

Март 28, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 28.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 мардуми Белгия барои харидани маҳсулоти хӯрокворӣ дар давлатҳои ҳамсоя 543 миллион евро сарф кард. Дар Федератсияи истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯроквории Белгия «Fevia» чунин мешуморанд, ки бисёр маҳсулоти  хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо барои белгиягиҳо дар он ҷо арзонтар аст.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АБИ «Казинформ» иттилоъ медиҳад.

Тавре аз ҳисоботи ассотсиатсияи «Fevia» бармеояд, тақрибан ҳар панҷумин белгиягӣ барои харид кардан мунтазам сарҳадро убур мекунад. Ба ҷумлаи самтҳои маъмул: Фаронса, Нидерланд, Люксембург ва Олмон дохил мешаванд.

Тамоюли харид дар хориҷа охири соли 2022, замоне ки нархи неруи барқ ва ғизо дар Белгия ба таври назаррас  боло рафт, афзоиш ёфт.

Федератсияи истеҳсолкунандагони хӯроквории Белгия «Fevia» аз ҳукумат хоҳиш намудааст, ки барои ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳаллӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шавад.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АБИ «Казинформ»

Март 28, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
Беш аз 5 ҳазор ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар маҳал бартараф карда шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад