Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад

Март 21, 2023 11:45

ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки 22 март таҷлил мегардад, коршиносон масъалаи таъмини оби беш аз 2 миллиард аҳолии минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро, ки имрӯз аз он маҳруманд, баррасӣ мекунанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), то соли 2050  60% аҳолии Замин метавонад ба норасоии об дучор шавад, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба шабакаи иттилоотии Euronews.

Яке аз давлатҳое, ки муддати тӯлонӣ бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ шудааст, Қатар мебошад. Барои ҳалли он дар дурнамои дарозмуддат ин давлат ба технологияҳои пешрафтаи муосир рӯ меорад ва шарики он дар ин лоиҳаи ҳавасманд гурӯҳи иҳтисосии испаниягӣ Aguas de Valencia, ки дар бозори омода намудани мутахассисони ҳирфаии низоми рақамӣ пешсаф аст, ба шумор меравад.

Ширкат бузургтарин иншооти обтозакунии кишварро дар ғарби Давҳа- пойтахти Қатар идора мекунад. Оби тозанашуда дар корхона якчанд марҳилаҳои тозакунии биологӣ ва коркарди санитарии фишори баландро мегузарад, ки пас аз он барои обёрии боғу майдонҳо мувофиқ мегардад.

Дар Қатар технологияҳои инноватсионӣ барои нигоҳ доштани бориш низ истифода мешавад. Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, ба гуфтаи Энрике Фернандес, мудири кулли ширкати Aguas de Valencia, дар рӯзҳои боронӣ дар Қатар дар муддати хеле кӯтоҳ миқдори хеле зиёди об меборад.  «Мо бояд барои коркард ва захираи миқдори ниҳоят зиёди бориш дар муддати  кӯтоҳ омода бошем, сипас ҳаҷми пурраи бориши ҷамъшударо тоза кунем», — баён намуд Энрике Фернандес.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Euronews   

Март 21, 2023 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расиданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад
Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддати хусусияти селӣ дошта пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 май, чоршанбе, 147-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд