Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки 22 март таҷлил мегардад, коршиносон масъалаи таъмини оби беш аз 2 миллиард аҳолии минтақаҳои гуногуни ҷаҳонро, ки имрӯз аз он маҳруманд, баррасӣ мекунанд. Мувофиқи маълумоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD), то соли 2050 60% аҳолии Замин метавонад ба норасоии об дучор шавад, иттилоъ медиҳад АЗЕРТАҶ бо истинод ба шабакаи иттилоотии Euronews.
Яке аз давлатҳое, ки муддати тӯлонӣ бо мушкили норасоии об рӯ ба рӯ шудааст, Қатар мебошад. Барои ҳалли он дар дурнамои дарозмуддат ин давлат ба технологияҳои пешрафтаи муосир рӯ меорад ва шарики он дар ин лоиҳаи ҳавасманд гурӯҳи иҳтисосии испаниягӣ Aguas de Valencia, ки дар бозори омода намудани мутахассисони ҳирфаии низоми рақамӣ пешсаф аст, ба шумор меравад.
Ширкат бузургтарин иншооти обтозакунии кишварро дар ғарби Давҳа- пойтахти Қатар идора мекунад. Оби тозанашуда дар корхона якчанд марҳилаҳои тозакунии биологӣ ва коркарди санитарии фишори баландро мегузарад, ки пас аз он барои обёрии боғу майдонҳо мувофиқ мегардад.
Дар Қатар технологияҳои инноватсионӣ барои нигоҳ доштани бориш низ истифода мешавад. Тавре Euronews иттилоъ медиҳад, ба гуфтаи Энрике Фернандес, мудири кулли ширкати Aguas de Valencia, дар рӯзҳои боронӣ дар Қатар дар муддати хеле кӯтоҳ миқдори хеле зиёди об меборад. «Мо бояд барои коркард ва захираи миқдори ниҳоят зиёди бориш дар муддати кӯтоҳ омода бошем, сипас ҳаҷми пурраи бориши ҷамъшударо тоза кунем», — баён намуд Энрике Фернандес.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Euronews








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад






