«ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз ёфт

Март 15, 2023 13:26

ДУШАНБЕ, 15.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Дар бораи баргузор намудани сеюмин Фестивали дўстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни он иштирокдорон доир ба «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва инъикоси осорхонавии он» ва «Ҷанбаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим» маъруза карданд.

Таъкид карда шуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 давлати  узви СММ пазируфта шуд.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

— Соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар фарҷом муроҷиатномаи иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ» қироат карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивади мазкур 14 то 17 март бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор карда мешавад.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Март 15, 2023 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд