БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Ин ташаббус дар раванди иттилоотӣ-таҳлилии фаъолияти донишгоҳи мазкур рӯйдоди нек маҳсуб мешавад. Маросими ифтитоҳи Марказ бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ, масъулини раёсат, собиқадорони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма доир карда шуд.
Зимни ифтитоҳи он таъкид карда шуд, ки Маркази мазкур ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи медиажурналистика ва бо назардошти рушди устувори расонаҳои хабарӣ дар назди донишгоҳ таъсис дода шуд.
Маркази медиажурналистика ва рушди расонаҳои нав ҷиҳати ташкилу пешбурди маркази илмӣ-таълимӣ, ки ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯ хоҳад буд, заминаи мусоид фароҳам меорад. Мақсади таъсис ва фаъолияти марказ- ин огоҳ кардан ва омӯзонидани навтарин майлонҳои расонаӣ ба журналистони оянда мебошад. Марказ дар баробари пешбурди корҳои таълимӣ, инчунин корҳои пажӯҳиши илмиро дар соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав анҷом медиҳад, ки бешак, ба даъватҳои муосир дар соҳаи журналистика ҷавобгӯ хоҳад буд.
Собиқадорони соҳаи матбуот ифтитоҳи маркази мазкурро дастоварди наҷиб унвон намуда, таъкид доштанд, ки фаъолияти самараноки он ба тарбияи кадрҳои лаёқатманди соҳаи рӯзноманигории рақамӣ ва расонаҳои нав саҳми муассир мегузорад.
Имрӯз, 10 март бахшида ба Рӯзи матбуот дар вилояти Суғд ҷаласаи тантанавӣ доир гардида, ба як зумра кормандони воситаҳои ахбори омма Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят супорида мешавад.
Бояд гуфт, ки дар доираи барномаҳо бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар вилояти Суғд як зумра собиқадорони меҳнат боздид карда шуда, туҳфаҳои идонаи Раиси вилоят ба онҳо расонида шуд. Барои собиқадорони соҳаи матбуот бо дастгирии роҳбарияти вилоят 31 ҳазору 500 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, ба 63 нафар супорида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






