Бахшида ба Рӯзи Модар ба 260 нафар покизакори шаҳри Хуҷанд туҳфаҳо тақдим карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби роҳбарияти вилояти Суғд дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ба 260 нафар рўбандаю покизакори шаҳри Хуҷанд ширинию туҳфаҳо тақдим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Зимни суҳбати роҳбарият бо рӯбандаву покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳри Хуҷанд таъкид гардид, ки заҳмати шабонарӯзии ҳар корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадр карда мешавад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Таъкид карда шуд, ки ҳар гоҳ сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама, ба меҳнати кормандони ободонӣ баҳои баланд медиҳанд.
Занону модарони тоҷик рисолати ҳамешагии хеш — тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси давлати соҳибистиқлолро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд.
Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






