Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд

Март 9, 2023 11:18

ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 нафар ҳалок ва  41 нафари дигар бар асари фаромадани ярч дар музофоти Кепулаун-Риауи ғарби Индонезия бе ному нишон гардидаанд. Дар ин хусус АМИТ  «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа» иттилоъ медиҳад.

Котиби идораи маҳаллии Агентии миллии мубориза бо офатҳои табиии ин мамлакат Сиярифуддин Муҳаммад дар тамоси телефонӣ ба хабаргузории «Синхуа» иттилоъ дод, ки офати табиӣ рӯзи душанбе дар минтақаи Натуна рух додааст. Фоҷиа аз сабаби бориши шадид ба амал омадааст.

«Рӯзи чоршанбе боз 6 ҷасади дигар ёфт шуда, шумораи умумии ҳалокшудагон ба 17 нафар расид», — баён дошт Сиярифуддин Муҳаммад.

Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд. Ба гуфтаи мансабдор, бар асари ярчфароӣ беш аз ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк намоянд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АИ «Синхуа»

Март 9, 2023 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид