Бар асари омадани сел дар Туркия 15 нафар ҳалок шуд

Март 18, 2023 17:15

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сел дар Туркия ба 15 нафар расид, иттилоъ дод рӯзи панҷшанбе вазири корҳои дохилии Туркия Сулаймон Сойлу. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.

«Бар асари обхезӣ дар Адияман 2 нафар ва дар Шанлиурфа 13 нафар ба ҳалокат расид. Корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ барои пайдо намудани 5 нафари бедаракшуда идома доранд», — изҳор намуд ӯ дар пахши мустақими телевизиони TRT. Қаблан оид ба 14 ҳалокшуда хабар расида буд.

Аз сабаби бориши зиёд (қариб 200 мм дар як метри мураббаъ) садҳо хонаи истиқоматӣ дар музофотҳо зери об монда, пул ва қисман роҳҳо хароб шуданд. Ягона роҳи ҳаракат кардан тавассути қаиқ мебошад. Аҳолии маҳаллӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида мешавад. Ба корҳои наҷотбахшӣ ҷузъи артиш ва неруҳои Раёсати ҳолатҳои фавқулода ҷалб гардидааст.

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, борон дар музофотҳои Адияман ва Шанлиурфа ду рӯз идома меёбад, аз ин рӯ, омадани селу обхезии нав аз эҳтимол дур нест.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: «Синхуа»

Март 18, 2023 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!