Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид

Март 6, 2023 09:29

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон дар таркиши рӯзи ҷумъа, ки дар анбори нигаҳдории сӯзишворӣ дар шимоли пойтахти Индонезия ба амал омад, ба 17 нафар расид. Тавре ки АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад, дар ин хусус 4 март директори Агентии Ҷакарта оид ба рафъи офатҳои табиӣ Муҳаммад Ридван иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, шумораи ҳалокшудагони ин ҳодиса ба 51 нафар расидааст, ки ҳоло дар чанд беморхонаи Ҷакарта табобат мегиранд.

Таркиш дар анбори нигаҳдории сӯзишворӣ, ки ба ширкати давлатии Pertamina тааллуқ дорад, рӯзи ҷумъа, тақрибан соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Пас аз таркиш оташ ба маҳали аҳолинишини ҳамсоя паҳн шуд, ки сокинони маҳаллӣ ба ҳарос афтода, хонаҳои худро тарк карданд.

Дар натиҷаи таркиш беш аз 1 ҳазор сокини маҳаллӣ зарар дид, ки ҳоло дар паноҳгоҳҳои муваққатӣ дар наздикии он қарор доранд. Ҳашт нафар бедарак шудаанд.

Дар ҷои таркиш корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ идома доранд. Сабабҳо тафтиш карда мешаванд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 6, 2023 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
Шумораи ҳалокшудагон бар асари бархӯрди қатораҳо дар Ҳиндустон ба 288 нафар расид
Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст