Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид

Март 10, 2023 17:29

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷанубу шарқи Австралия майдони сӯхтори ҷангал паҳн мегардад. Бар асари ин сӯхтор дар минтақаи Ҳилл Энди иёлати Уэлси Нави Ҷанубӣ садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба ABC News хабар медиҳад.

Дар натиҷаи сӯхтор дар шимоли шаҳри Батерст ду хона ва панҷ бинои ёрирасон сӯхта, 400 сар гӯсфанд ва 300 сар чорвои калони шохдор ба ҳалокат расид. Майдони сӯхтор 15 700 гектарро ташкил дод.

Хадамоти сӯхторнишонии деҳот огоҳ кардааст, ки рӯзҳои наздик тақрибан чандсад хона, бахусус дар минтақаҳои Пирамул ва Харгрейвс метавонанд зери хатар монанд.

Намояндаи хадамоти сӯхторнишонӣ Анжела Берфорд изҳор намуд, ки новобаста аз беҳбуди вазъият, ҳолат ба мисли пештара хатарнок боқӣ мемонад, зеро «сӯхтор то ҳол бартараф карда нашудааст».

Иттилоъ дода мешавад, ки алангаи оташ ба самти шарқ ба сӯи нуругоҳи бодии Crudine Ridge Wind Farm паҳн мешавад.

6 март Бюрои обуҳавошиносии Австралия (BOM) огоҳ намуд, ки ҳавои гарм ва хушк метавонад боиси хатари ҷиддии сӯхтор дар қисмати шарқӣ ва шимолии Уэлси Нави Ҷанубӣ гардад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 10, 2023 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад