«БИЁЕД ДАР АТРОФИ ОБ МУТТАҲИД БОШЕМ!», — паёми сулҳу суботи Пешвои миллати тоҷикон ба ҷаҳониён

Март 27, 2023 15:19

ДУШАНБЕ 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Баҳори имсола бо баргузор шудани конфронси муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд, оғоз шуд. Бинобар ин, 21-24 март диққати ҷаҳониён ва махсусан олимону коршиносони сиёсӣ дар ҷумҳурии мо ва берун аз он ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  нигаронида шуда буд.

Тавре доктори илмҳои фалсафа, корманди масъули Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдаров иброз медорад, «дар ҳақиқат, об- ин сарчашмаи рушди устувор асту дарёҳо ҳамчун рагҳои хунгузари сайёра аз сӯи як давлат ба кишвари дигар ҷорӣ гашта, давлатҳоро  бо ҳам мепайванданд. Бинобар ин, Президенти Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид чунин таъкид намуданд: «Ин аст қудрати бузурги об, ки қитъаҳо, давлатҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад».

Дар зимн, матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон мегардад.

 — Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз- 21-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико  дар партави ташаббусҳои бузурги байналмилалии Президенти Тоҷикистон, Сарвари башардӯсти тоҷикони ҷаҳон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  баргузор гардид. Яке аз махсусияти ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ аз он иборат буд, ки ин ҳамоиш дар таърихи инсоният баъд аз соли 1977 дуввумин Конфронси  байналмилалии сатҳи  баланд дар масоили вобаста ба об буд. Баъд аз  46 сол бо ташаббуси Тоҷикистон  ва шахсан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси байналмилалии сатҳи баланд  марбут ба об гузаронида шуд.

Ин чорабинии муҳими  байналмилалӣ дар шароити  афзоиши ташаннуҷи бесобиқаи геополитикӣ ва геоиқтисодӣ, ки ба тезутундшавии муносибати абарқудратҳои ҷаҳон иртибот дорад,  гузаронида шуд. Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки ҷаҳони муосир ба буҳрони амиқи иқтисодӣ  ва сиёсӣ гирифтор гаштааст. Роҳбарони баъзе аз давлатҳои абарқудрат, чӣ дар Ғарб  ва чӣ дар Шарқ ба ҷойи муколама ва даъват ба сулҳу субот бештар ба риторикаи ҷангӣ рӯй овардаанд.

Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу пурташаннуҷ барои тамаддуни имрӯзаи башар  аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 суханони зерин садо доданд: «Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!».

Ин гуфтаҳо шиореро мемонад, ки марбут ба тамоми инсоният аст. Бо чунин пайки наврӯзӣ Сарвари башардӯсти тоҷик кулли инсониятро дар рӯи Замин ба сулҳу субот, ҳамкорӣ баҳри фардои нек, ба муколама ва таҳаммулпазирӣ даъват намуданд. Ба ақидаи мо, ин суханони хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як  машъал, як роҳнамое барои раҳоӣ ёфтан аз буҳрон дар низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳон мебошанд. Аҳолии  кишварҳои гуногун дар сайёра  маҳз интизори ҳамин гуна суханони башардӯстона буданд, зеро мардуми ҷаҳон ташнаи сулҳу субот  мебошанду майл  ба зиндагии саодатманд доранд.

Президенти Тоҷикистон  аз минбари Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки «ин аст қудрати бузурги об, ки қитъаҳо, давлатҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад».

Ин суханони   Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон  маънои бузургу амиқи фалсафӣ-сиёсӣ дорад, зеро ҳар инсон ва ҳар миллат  орзуи ҳаёти шоиста  ва пурсаодатро дорад. Ҳар давлат  кӯшиш мекунад, ки истиқлоли миллии худро ҳифз намояд. Таҳкими истиқлоли миллӣ ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва беш аз ҳама, иқтисодиёти миллӣ иртиботи қавӣ дорад. Дар навбати худ рушди иқтисодиёти дилхоҳ давлат  бидуни манбаъҳои об ғайриимкон аст. Ҳам истеҳсоли саноатӣ ва ҳам истеҳсоли кишоварзӣ ба он ниёз дорад. Дар солҳои сипаригашта  дар натиҷаи афзоиши босуръати аҳолии сайёра истеъмоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ба маротиб афзуд. Вобаста ба рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ истифодаи захираҳои об, хусусан оби тоза дар саноату кишоварзӣ дар миқёси дунё зиёд гашт. Аммо манбаъҳои оби тоза дар ҷаҳон ҳам маҳдуд мебошанд. Аз ин лиҳоз, Президенти Тоҷикистон  дар   ҷараёни мусоҳиба дар  телевизиони СММ барҳақ иброз намуданд, ки  «дар ҷаҳон кишваре нест, ки аз мушкилоти об вобастагӣ надошта бошад. Ин мушкилот дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардуми дунё мушоҳида мегардад. Дар баъзе кишварҳо мардум аз норасоии об барои нӯшокӣ, полезӣ, беҳдошт ва дигар бахшҳо танқисӣ доранд. Аз тарафи дигар, офатҳои зиёди табиӣ, мисли хушксолӣ, селу обхезиҳо ва тармафароӣ  ба иқтисод ва ҳаёти мардум хисороти зиёде меоваранд. Барои ҳамин, ман фикр мекунам, ки дар ҳамаи ин масъалаҳо ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам минтақавию глобалӣ бояд механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба он таҳия ва роҳандозӣ карда шаванд».

Ба ҳамин хотир, ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари СММ ташаббуси аввалини худро оид ба эълон кардани соли 2003- Соли байналмилалии оби тоза пешниҳод карда буд. Минбаъд дар ҳамин доира бо ташаббуси мамлакати мо соли 2013  “Соли ҳамкорӣ  дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан даҳсолаҳои байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд. Ҳамчун давоми мантиқии силсилаи ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба об соли 2022 Маҷмаи умумии СММ бар асоси ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи дахлдорро дар хусуси эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул кард, чунки маҳз пиряхҳо дар рӯи Замин манбаи асосии оби тоза мебошанд.

Қобили таъкид аст, ки дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 ва зимни мусоҳибаи худ бо хабарнигори телевизиони СММ Сарвари давлат изҳор намуданд, ки “пиряхҳо захираи асосии обҳои тоза дар сайёраи мо ҳастанд”.

Ҳамин тариқ, масъалаи  марбут ба обу иқлим дар  сайёраи мо маҳз  дар натиҷаи панҷ ташаббуси башардӯстонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчун мавзуи калидии рушди устувори ҷаҳон дар сархати рӯзномаи байналмилалӣ қарор гирифт. Дар натиҷаи қабули ин ташаббусҳои Пешвои миллат ва амалисозии тадбирҳои мушаххас дар чорчӯбаи барномаҳои қабулшуда обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ба маротиб афзуд. Мардуми олам  бори дигар симои тамаддунофару фарҳангпарвари миллати тоҷикро аз наздик шинохт. Тоҷикон  миллати давлатсози минтақаи мо мебошанд, зеро танҳо миллати соҳибдавлат  қудрати тамаддунофарӣ дорад. Маҳз барои ҳамин аз ҷониби  Президенти Тоҷикистон дар  доираи Конфронси оби СММ дар шаҳри Ню-Йорки ШМА ба Созмони Милали Муттаҳид туҳфаи арзишманд, яъне Тоҷи кунгурадор, ки ба замони оғози ташаккули халқи тоҷик — ибтидои давлатдории Кушониён рост меояд ва бо номи этникии “тоҷик” робита дорад, ҳадя гардид.

Ҳамчунин мояи ифтихор аст, ки дар ҳошияи  Конфронси оби СММ-2023  чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар”  бо иштироки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Пешвои миллати тоҷикон зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ иброз намуданд, ки “итминон дорам, ки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи анъанаҳои созанда ва арзишҳои безаволи Наврӯз бо неруи тоза ва нақшаҳои созанда  дар роҳи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” ва дигар ҳадафҳои глобалии вобаста ба об саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳамкориро ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об, дигар сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист густариш хоҳанд бахшид”.

Аз натиҷаи дигари мусбат ҳаминро гуфтан зарур аст, ки ҳама уҳдадориҳои пешниҳодшудаи давлатҳои аъзои СММ дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шудаанд ва Рӯзномаи амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор — 2023, Саммити Оянда — 2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ — 2025 ва тавассути форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта, Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас амалӣ карда шавад.

Мояи ифтихор аст, ки Конфронси сеюми ҷаҳонӣ марбут ба об соли 2028 дар Душанбе баргузор мегардад. Миллати  сулҳхоҳи тоҷик мизбони маъракаи сатҳи ҷаҳоние хоҳад гашт, ки дар он   натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 ҷамъбаст хоҳад гашт. Бо боварии комил таъкид кардан ҷоиз аст, ки Тоҷикистон ба ин конфронси байналмилалӣ омодагии ҳаматарафа мебинад ва онро мисли конфронсҳои байналмилалии қаблан дар Тоҷикистон  баргузоргашта дар сатҳи олӣ доир менамояд.

Ҳамин тариқ, бо ташкил ва  гузаронидани Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028  Тоҷикистон саҳми арзандаи худро барои  рушди устувор ва таъмини сулҳу субот дар ҷаҳони муосир гузошта, исбот намуд, ки минбаъд ҳам дар ҳалли масоили  мубрами башарият саҳм мегузорад.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 27, 2023 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
«Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе масъалаи идоракунии захираҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё барои иштирок дар Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе даъват шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд