БОРОН, РАЪДУ БАРҚ ВА ТУМАН. Ҳавои моҳи март дар Тоҷикистон ба соли сипаригардида шабоҳат дорад

Март 1, 2023 08:41

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи март дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1-2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 14 ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то  9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои алоҳида баамалоии боронҳои пай дар пай, раъду барқ, боридани жола, фаромадани туман ва шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 метр дар як сония пешгӯӣ карда мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

Тавре дар  Агентии обуҳавошиносӣ изҳор доштанд,  ҳавои моҳи марти имсола дар Тоҷикистон  шабоҳат ба моҳи марти соли сипаригардида дорад. Соли 2022 дар мамлакат боронҳои пуршиддат ба амал омада буданд.

Бояд тазаккур дод, ки мардум аз қадим дар ин фасл ба амал омадани боронро нишони файзу баракат медонистанд. Боридани борону жола дар фасли баҳор ҳодисаи маъмулист, чуноне Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ гуфтааст:

Ҷаҳонро чу борон ба боистагӣ,
Равонро чу дониш ба шоистагӣ.

Моҳи март дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳарорати ҳаво  шабона 14 дараҷа ва рӯзона  19 — 24 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳарорати миёнаи моҳона дар вилояти Хатлон то 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7 дараҷа ва рӯзона то 29 дараҷа гарм мешавад.

Моҳи март дар вилояти Суғд ҳаво дар водиҳо шабона то 10 ва рӯзона  то 23 дараҷа гарм дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво то 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миқдори моҳонаи бориш дар ҳадди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад.  Дар шарқи вилоят рӯзона то 8 ва шабона  26 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 2 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо то 14 ва  дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ то 9 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2023 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд