Дар Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҷаласа доир гардид

Март 30, 2023 16:11

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ  ҷаласаи навбатӣ доир карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.

Дар ҷаласа вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занону духтарон маълумот пешниҳод шуд.

Иброз гардид, ки  ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18 ҳазору 549 хизматчии давлатӣ 4 ҳазору 503 нафарро занон ташкил медиҳанд. Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5843 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1115 нафар зан  мебошад.

Гуфта шуд, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти  ҷалби бештари занону ҷавонон ба хизмати давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.

АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2023 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт