Дар Агентии хизмати давлатӣ вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҷаласа доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷалби занон ба хизмати давлатӣ ҷаласаи навбатӣ доир карда шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар агентии мазкур.
Дар ҷаласа вобаста ба тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занону духтарон маълумот пешниҳод шуд.
Иброз гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 аз 18 ҳазору 549 хизматчии давлатӣ 4 ҳазору 503 нафарро занон ташкил медиҳанд. Кадрҳои роҳбарикунанда, ки дар мансабҳои сиёсӣ, категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чорум фаъолият мекунанд, 5843 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 1115 нафар зан мебошад.
Гуфта шуд, ки таъмини баробарии гендерӣ аз оғози соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси яке аз масъалаҳои муҳими идоракунӣ дар меҳвари сиёсати Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону духтаронро дар рушди идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани саҳми онҳо дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва дигар суханрониҳои барномавии худ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, барои афзоиш додани теъдоди занон дар хизмати давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти ҷалби бештари занону ҷавонон ба хизмати давлатӣ ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






