Дар Аргентина қариб 20 миллион нафар бе неруи барқ мондаанд

Март 3, 2023 15:29

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 20 миллион нафар дар Аргентина бе неруи барқ мондаанд, ки ин тақрибан ба 40 фоизи истеъмолкунандагон дар саросари мамлакат рост меояд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба АИР «Новости» хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзномаи La Nacion иттилоъ додааст.

Бар асари сӯхторе, ки ба хатти интиқоли неруи барқ осеб расонид, чанд музофоти Аргентина ва бахше аз минтақаи пойтахтро торикӣ фаро гирифт. Дар натиҷа бо мақсади бехатарӣ фаъолияти хизматрасонӣ дар неругоҳи атомии «Атуча I» қатъ карда шуд.

«Тақрибан 40% истеъмолкунандагон дар саросари мамлакат бе неруи барқ мондаанд, ки ин ба 20 миллион нафар баробар аст», — навиштааст ВАО.

Дар айни замон дар Аргентина гармои сахт ҳукмфармо буда, ҳароратсанҷ дар бисёр минтақаҳо ба 40 дараҷа наздик мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2023 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест