Дар Австрия Намоишгоҳи байналмилалии фароғатии бародаршаҳри Душанбе — Клагенфурт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 31 март то 2 апрел дар шаҳри Клагенфурти Австрия Намоишгоҳи байналмилалии фароғатии бародаршаҳри Душанбе – Клагенфурт баргузор мегардад, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун меҳмони фахрӣ дар доири ҳамкории бародаршаҳрӣ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи сафари намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Австрия таҳкими робитаҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Клагенфурт, муаррифии шаҳри Душанбе дар ҳавзаи Аврупо, тарғибу ташвиқи зарфияти сайёҳии шаҳри Душанбе дар байни доираҳои гардишгарии бузурги қитъаи Аврупо буда, инчунин дидору мулоқоти судманд бо ҷонибҳои ҳавасманд бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар назар аст.

Аз ҷумла, ҳайати расмии шаҳри Душанбе дар шаҳри Гратсии Австрия бо роҳбарияти ширкати «eee Austria International Projects GmbH», ки дар соҳаи рақамикунонӣ фаъол мебошад, мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судмандро дар самти рақамикунонии раванди шаҳрсозӣ баррасӣ намуданд.


Бояд тазаккур дод, ки аз соли 1972 Душанбе ва Клагенфурт бародаршаҳр мебошанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар пойтахт Фестивали футбол доир мешавад
Дурнамои ҳамкории шаҳри Душанбе ва иёлоти Ютаи Амрико баррасӣ шуд






