Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Маркази илмии глятсиология ифтитоҳ гардид

Март 17, 2023 19:55

ДУШАНБЕ, 17.03.2023, /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Маркази илмии глятсиология (пиряхшиносӣ) ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ  «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Маркази илмии «Глятсиология» фаъолияташро дар асоси низомнома ба роҳ монда, бо Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади омода намудани мутахассисони баландпоя ва ҷиҳати пешгирии обшавии пиряхҳо, роҳу усулҳои ҳифзи пиряхҳо тадбирҳои муҳим ба роҳ мемонад. Марказ бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, донишҷӯён дар раванди корҳои илмӣ-омӯзишӣ аз он фаровон истифода бурда метавонанд.

Дар ҷамъомад иброз гардид, ки ифтитоҳи маркази илмии «Глятсиология» ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созанда ва ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи обу иқлимшиносӣ ва пиряхшиносӣ муҳим мебошад. Мояи ифтихор ва сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об бо қабули қатъномаи махсус якдилона тасдиқ намуд. Мувофиқи қатънома, соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуда, 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эътироф гардид.

Роҳбарияти донишгоҳ масъулинро вазифадор намуданд, ки самаранокии фаъолиятро таъмин намуда, барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Март 17, 2023 19:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ беш аз 16 ҳазор нафар донишҷӯ шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд