Дар Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт

Март 29, 2023 09:33

ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 март  дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ  оғоз гардид, ки то пагоҳ, 30 март идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа.

Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо доир мешавад.

Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 29, 2023 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Раёсати Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти зиддимухаддиротии СААД дар соли 2027 ба Тоҷикистон гузашт
Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид