Дар Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 29.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи сарони бюроҳои марказии миллии интерполҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки то пагоҳ, 30 март идома меёбад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласа.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии Директор оид ба ҳамкории глобалии Котиботи генералии Интерпол Абдулазиз Убайдулло бо иштироки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар давлатҳо доир мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои рушду инкишоф додани ҳамкории мутақобилан судманд дар доираи Ташкилоти байналмилалии «Интерпол», амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибат дар соҳаи мубориза бо терроризм, таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Изҳороти Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад
Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд






