Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷаласа баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ хабар доданд.
Дар ҷамъомад иштирокдорон доир ба муҳимияти пешгирии ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ибрози андеша намуда, гузаронидани чунин чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ба сифату бехатарии ҳаёти инсон ва дар маҷмӯъ ҷомеа таъсири бевосита дошта, яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб мешавад.
Ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зери тавваҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, бо қабул ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» сатҳи танзим ва назорати самти мазкур ба сатҳи муосир расонида шудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагону фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро барои харидани моли дорои сифати муносиб ва ба ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.
Таъкид гардид, ки маҳз талошҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои қабулнамудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои амалинамуда дар фаъолияти бахши хусусӣ, пешниҳоди иҷрои кору хизматрасониҳои гуногун дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамзамон ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон саҳми босазо гузошта истодааст.
Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию воқифии истеъмолкунандагон аз қонунгузории соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳу сифат ва бехатарии мол, кор ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ тавассути воситаҳои ахбори омма ва паҳн намудани рекламаҳои иҷтимоӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо корҳои таблиғотӣ амалӣ менамояд.
Самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон соҳаи бисёрҷабҳа буда, татбиқи босамари он аз нигоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои ҷумҳурӣ ва аҳолӣ муҳим арзёбӣ мегардад ва самти мазкур қариб ба ҳамаи сохторҳои давлатӣ алоқамандӣ дорад.
АКС: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






