Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ: сиёсати ҳамҷаворӣ, ҳамёрӣ, дӯстии абадӣ ва рушди муштарак» оғоз ёфт, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин марказ.
Дар кори конфронс роҳбарон ва коршиносони марказҳои таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.
Дар конфронс нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амният ва суботи минтақавию байналмилалӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа дар самти мазкур таҳлил ва баррасӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






