Дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир маҳсулоти ватанӣ муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 29.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Лондон Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ идома дорад, ки дар он якчанд ширкати ватанӣ ва вазорату идораҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намуда истодаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар форуми мазкур аз ҷониби Тоҷикистон намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳои мамлакат ва аз он ҷониб намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфузи Британияи Кабир иштирок доранд.
Ҳамзамон дар доираи баргузории форум Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат, бахши истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ муаррифӣ гардида истодааст, ки дар он якчанд ширкати ватанӣ, содироткунандагон, вазорату идораҳо маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуда истодаанд.
Мақсад аз баргузории форуми мазкур – ин густариши ҳамкории тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои мухталиф ва муаррифии имконияти саноатию содиротии мамлакат мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноат









Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид






