Дар Хоруғ хизматрасонии автобусҳои нав бо нархи дастрас ба мардум оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 27 март автобусҳои мусофиркаш, ки бо дастгирии навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Хоруғ дастрас гардид, дар хатсайрҳои шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар медиҳад.
Нархи роҳкирои автобусҳо 1,5 сомонӣ буда, реҷаи фаъолияташон аз соати 7:00 то 19:00-ро дар бар мегирад.
Хатсайри фаъолияти автобусҳои мусофирбар аз «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Султони Валӣ, «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Ниводак, инчунин аз «Бозори 20-солагии Истиқлолият» то маҳаллаи Андарситез, мавзеи Боғи ботаникӣ ва аз маҳаллаи Тем то Донишгоҳи давлатии Хоруғ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки аз 5 автобус 2 адад бинобар зичии аҳолӣ дар хатсайри рақами 1 хизмат мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025» бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофиркашонӣ фиристода шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






