Дар Хоруғ Рӯзи Модарро ботантана таҷлил намуданд

Март 7, 2023 15:12

ДУШАНБЕ, 07.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 6 март дар шаҳри Хоруғ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ӯ пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад.

«Мо ифтихор мекунем, ки модарони тоҷик рисолати муқаддаси хешро ҳамчун тарбиятгари фарзандони нобиғаву соҳибмаърифат, арзандаву шоистаи миллат, ватандўсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ва созандаву некрафтор чун ҳамеша имрўз низ идома мебахшанд»,- иброз дошт раиси шаҳри Хоруғ.

Таъкид  карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунию давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва занону духтарони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.

Як зумра роҳбарони фаъоли идораву муассисаҳои шаҳр ва вилоят барои нишон додани натиҷаҳои баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар корҳои сиёсию ҷамъиятӣ, гузоштани саҳми босазо дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ифтихори  Рӯзи Модар бо Сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ пешкаши иштирокчиёни чорабаниӣ гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 7, 2023 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад