Дар Кӯлоб гулҳои садбарги пайвандӣ ва дигар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ободу зебо намудани роҳрав ва гулгаштҳо дар маҳаллаи Шамсиддини Шоҳин ва гулгашти Сафар Амиршоеви шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандони Муассисаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунии шаҳр ба миқдори 2100 бех навъи гули садбарги пайвандӣ ва дигар гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд.
Дар баробари кормандони Муассисаи давлатии фаръии ниҳолпарварӣ ва сабзазоркунии шаҳри Кӯлоб инчунин тамоми сокинони шаҳр иқдом гирифтаанд, ки дар ободониву сарсабзгардонии шаҳр саҳми муносиб гузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






