Дар Колумбия бар асари таркиш дар конҳо 11 нафар ҳалок шуд
ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркишҳо дар конҳои шаҳри Сутатауси Колумбия, воқеъ дар маркази ин давлат на кам аз 11 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар додааст.
Ба маълумоти рӯзномаи El Tiempo, дар вақти таркишҳо дар конҳо бештар аз 30 коргар будааст. Тавре губернатори Кундинамарка Николас Гарсиа Бустос дар Twitter хабар додааст, то соати 05:20 ба вақти маҳаллӣ 17 нафар дар нақбҳо дармондааст. Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса кор мекунанд.
Шоми сешанбе дар яке аз конҳои ангиштсанг дар Сутатаус таркиш ба амал омад. Ба дунболи он дар чор кони ҳамсоя якчанд таркиш рух дод.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






