Дар мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе занон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманд мегузоранд

Март 8, 2023 11:07

ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати таҷлили Рӯзи Модар 7 март дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии тантанавӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Раёсат,  корманд-занони мақомоти милитсияи пойтахт, собиқадорон ва ҳайати шахсии мақомоти милитсия иштирок  намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир ба ғамхориву таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нисбат ба баланд бардоштани мақому мартабаи  занону модарон дар ҷомеа  изҳори назар намуд.

Таъкид карда шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида, пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин нерӯи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат сафарбар карда шаванд.

«Ин аст, ки сол то сол мақому мартабаи занону модарон дар ҷомеа баланд гардида, дар сохторҳои гуногуни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафи занони далеру шуҷоъ афзоиш ёфта, ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва ҳифзи суботу оромии кишвар, кору фаъолият намуда истодаанд», — тазаккур дода шуд дар чорабинӣ.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе занон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулият кору фаъолият намуда, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва сулҳу оромӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 130 нафар корманд-занони милитсияи пойтахт ва собиқадорон бо Ифтихорномаву Сипоснома ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 

Март 8, 2023 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид