Дар Малави теъдоди ҳалокшудагон бар асари тӯфони «Фредди» аз 270 нафар гузашт

Март 16, 2023 12:02

ДУШАНБЕ, 16.03.2023 /АМИТ «Ховар/.  Ҳукумати Малави ҳалокати 270 нафарро бар асари тӯфони тропикии Фредди, ки тайи муддати охир бори дуввум дар ҷануби Африқо ба амал меояд, тасдиқ кард. Тавре ки АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад,  дар ин хусус агентии Reuters рӯзи чоршанбе, 15 март хабар додааст.

Иттилоъ дода мешавад, ки 707 нафар аз оқибатҳои офати табиӣ зарар дида, 41 нафар бедарак шудааст. Дар якчанд минтақаи давлати Африқо боронҳои пуршиддат идома доранд. Ба иттилои агентӣ, ҳисоби шумораи ҳалокшудагон идома дошта, теъдоди онҳо метавонад аз 300 нафар гузарад.

Дар баробари ин, мувофиқи маълумоти Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ, то 15 март тӯфони «Фредди» пароканда шуда, дар байни музофоти Замбезия (Мозамбики марказию шимолӣ) ва гулӯгоҳи Мозамбик ҷойгир мешавад.

Қаблан, 13 март, дар бораи ҳалокати 15 нафар дар Малави ва Мозамбик бар асари ҳодисаи табиӣ иттилоъ расида буд.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 16, 2023 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад