Дар Наврӯз барои солимии бадан ғизои зарурӣ пешниҳод мегардад, ки оши бурида яке аз онҳост

Март 23, 2023 18:09

ДУШАНБЕ, 23.03. 2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо неъмати фасли баҳор, яъне гиёҳҳои худрӯй мо ҷисми худ ва фарзандонамонро неруманд мегардонем. Бояд ҳар зани тоҷик дар ин фасл аз ин неъмат фаровон истифода намояд, зеро ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои организм хеле зарур аст. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сияҳалаф ва модел дар таркиби худ витаминҳои зиёд доранд ва холестеринро дар даруни рӯда ҷаббида, берун мебароранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд. Вақте дар организм витамин кам шуд, тамоми касалиҳо хуруҷ мекунанд. Чунин иброз намуд сокини 62-солаи ноҳияи Фархор Шоҳбегим Қаландарова.

Мавсуф зикр намуд, ки табиат хирадманд аст ва дар ҳар фасл ғизои заруриро барои солимӣ ва нигоҳубини бадани мо мувофиқи эҳтиёҷи мавсимӣ пешкаш мекунад. Баҳор мавсими ранг аст, аз ин рӯ, мо бояд табақҳои худро бо бисёр хӯрокҳои рангоранг пур кунем, ки ба мо фоидаи калон меоранд. Махсусан мардуми ноҳияи Фархор дар ин фасл бештар таоми миллии оши туппа ё бурида (оталаи туппа ё бурида ва угро низ мегӯянд) омода мекунанд.

Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва  ҳаёти хушбахтона омода карда мешавад. Ин навъи таом аз растаниҳои гуногуни фоидабахш, донагию лубиёгӣ ва хамири зуволаи бурида омода мегардад.

Зуволаи оши бурида аз орд, намак  ва  сафедии тухм омода карда шуда, баъдан он то 15-20 дақиқа дам мехӯрад. Дар ин муддат дар дег  обро ба миқдори муайян рехта,  дар он пиёз ва кабудиҳои дигар ҷӯшонида мешаванд. Инчунин ба оби он нахӯду лубиёро низ ҳамроҳ карда, меҷӯшонем. Намаки онро низ набояд фаромӯш созем.

Зуволаи хамирро болои тахтаи махсус бо тирак тунук намуда, барои ба тахта  ва тирак  начаспидан  ба зувола кам-кам  орд пошидан мегирем. Онро то даме тунук мекунем, ки тунукии зувола 2-3 мм шавад. Баъдан бо корди махсус, ки корди ошбур мегӯянд, борик –борик мебурем. Зувола ҳар қадар, ки тунуку борик гардад, сифати оши бурида ҳамон қадар хубу  болаззат мешавад.   Баъди буридан тамоми пораҳои  буридашударо бо орд қабза карда,  борик кардан мегирем. Ин амалро мардуми мо дастак задан мегӯянд (бояд онро хуб дастак занӣ, то торҳои он мустаҳкам ва борику дароз шавад).

Оташи дегро баланд менамоем,  то ҳангоми  ба об андохтани хамири буридашуда пораҳои он ба ҳамдигар начаспанд. Ҳангоми ҷӯшидан бо кафлези чӯбин онро нарм-нарм кофта, хамирҳоро  аз ҳам ҷудо кардан мегирем. Оши бурида дар ҳарорати баланди ҷӯшидани об  дар зарфи 5-10 дақиқа мепазад. Баъд оши буридаи омодашударо  ба табақ, хусусан табақи чӯбин бардошта, ба болояш нахӯду лубиё ва гиёҳҳои андохтаамонро мекашем. Ба он мувофиқи  табъ  кабудӣ ва чакка  низ ҳамроҳ намуда, онро   мехӯранд.

Мардуми вилояти Хатлон ин хӯрокро атола ё отала меноманд. Ин навъи хӯрок низ ба мисли оши бурида аст, танҳо зуволаи онро аз аз орди гандум дар намакоб хамири сахт хелида, 30–40 дақиқа дам медиҳанд. Баъд хамирро зувола гирифта, тунук карда, қабат-қабат мекунанд ва ба шакли тасмаҳои дароз ё чоркунҷа мебуранд.

Ба гуфти Шоҳбегим Қаландарова, оши угро аз оши бурида бо он фарқ мекунад, ки дар он гӯшт ва дигар маҳсулотро бо каме равған зирбонда, пасон зуволаи резакарда андохта мешавад.

Дар дигар минтақаҳои мамлакат хамири оши туппаро ба шакли чоркунҷа мебуранд. Агар онро ба шакли пораҳои секунҷа ё ромбшакл буранд, он гоҳ баргаки бед меноманд.

Ба ибрози ҳамсуҳбати мо, ӯ ин навъи  хӯрокро аз модараш омӯхтааст. «Дар он замон оши бурида ва ё туппа намегуфтанд, оталаи бурида ва туппагӣ мегуфтанд. Ба гуфти модарам, «оталаи туппагӣ миҷозаш гарм аст ва оталаи буридаро бо сабаби борик буридан ва дастак задан миҷозаш хунук мешавад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 23, 2023 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: АЗ ОЗМОИШҲОИ ТАЪРИХ ТО БУНЁДИ ПОЯҲОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Рушди молияи давлатӣ: аз ташаккули низоми мустақили молиявӣ то идоракунии рақамии буҷет
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ МАОРИФ. Давоми 35 сол дар Тоҷикистон шумораи омӯзгорон беш аз 41 ҳазор зиёд гардид
ИМРӮЗ — РӮЗИ АНГИШТКАНОН. Истихроҷи ангишт то ба 3 миллион тонна расонида мешавад
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид