Дар ноҳияи Ашт 12 гурӯҳи корӣ ба корҳои соҳилбандӣ оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ашт тариқи ҳашар корҳои соҳилбандӣ оғоз гардиданд. Дар ҳашар аз 7 маҳалла 12 гурӯҳи корӣ, инчунин сохтмончиёни соҳибтаҷрибаи маҳаллӣ, ки беш аз 60-70 нафарро ташкил медиҳанд, иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар доданд.
Зимни иҷрои корҳо диққати асосӣ ба мустаҳкам кардани соҳили сою наҳрҳо равона гардидааст, то ҳангоми омадани сел одамон ва амволашон зарар набинанд.
Иттилоъ дода шуд, ки баҳри пешгирии офатҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони саховатпеша тамоми тадбирҳо андешида шуда, корҳои соҳилбандӣ дар ҳудудҳои осебпазири ноҳия, аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Понғоз, Ошоба, Пунук ва Ашт идома доранд.
5 март Раиси ноҳия ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷараёни корҳои соҳилбандӣ дар мавзеи Ашт-сойи Ҷамоати деҳоти Ашт, ки тариқи ҳашар ва бо вусъати тоза идома доранд, дидан намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон дар ин мавзеъ ва дар маҷмуъ дар сойи Ашт селҳои нисбатан калон омада, ба хоҷагиҳои шахсии аҳолӣ, роҳу пулҳо ва дигар инфрасохтори мавҷуда хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






