Дар ноҳияи Шаҳринав намоиши техникаи кишоварзӣ гузаронида шуд

Март 21, 2023 13:37

ШАҲРИНАВ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав намоиши омодагии техникаи кишоварзӣ доир гардид. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Дар намоиш гуфта шуд, ки дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 520 техникаи кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда, 459 адади он ба кор омода мебошад. Соли равон дар майдони 4154 гектар зироати баҳорӣ кишт карда мешавад, ки аз он 1668 гектар сабзавот, 300 гектар картошка, 500 гектар пахта, 606 гектар ғалладона, 100 гектар полезӣ, 800 гектар зағир ва дигар намуди зироат мебошад. Барои сари вақт ва босифат гузаронидани кишти баҳории зироати кишоварзӣ тамоми техникаи кишоварзӣ ҷалб карда мешавад.

Ҳамзамон дар намоиш зикр гардид, ки мувофиқи дурнамо имсол дар майдони 500 гектар чигит кишт карда мешавад, ки вобаста ба ин техникаҳои кишткунанда ва нармкунакҳоро сари вақт омода кардан вазифаи аввалиндараҷаи хоҷагиҳо мебошад.

Ҳамчунин риояи меъёрҳои бехатарии техникӣ ва муҳофизати меҳнат аз вазифаи муҳими масъулин арзёбӣ карда шуд. Истифодаи дурусту самараноки техникаҳои кишоварзӣ ба беҳбуди вазъи кишоварзии ноҳия ва зиндагӣ мусоидат намуда, вобаста ба ин метавон дар таъмини техникаҳои наву замонавӣ тариқи ҳамкорӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» саҳми амалӣ гузошт.

Дар анҷоми намоиш ба як зумра механизаторон барои фаъолияти арзанда ҷиҳати сари вақт аз таъмир баровардани техникаи кишоварзӣ, омода намудани он ба кишт ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Март 21, 2023 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд