Дар Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба қаиқронӣ баргузор мегардад.
Дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки мусобиқаи мазкур 20-24 март дар дарёи Варзоб, дар наздикии шаҳри Душанбе доир шуда, дар он мардон ва занони соли таваллудашон 2008 ва калонтар аз он иштирок карда метавонанд.
Дар мусобиқа беҳтарин варзишгарони дастаҳои миллии давлатҳои иштирокчӣ ва беҳтарин варзишгарони дастаҳо ва федератсияҳои миллӣ иштирок менамоянд.
Барномаи мусобиқаи серӯза ду мусобиқаи инфиродӣ — K-1 ва C-1-ро, ки ҳар яке аз ду кӯшиш иборат аст, дар бар мегирад.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ, медал ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд.
АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд






