ДАРАХТ БИНШОН! «Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи мамлакат ва ҷалби хизматчиёни ҳарбии зинаҳои гуногуни дастгоҳи марказиву Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар ҳудуди пойгоҳи яке аз қисмҳои низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳашари ниҳолшинонӣ доир карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳашар бо маслиҳату машварати мутахассисони соҳа ва риояи қоидаҳои агросаноатӣ дар ҳудуди замини хоҷагиҳои ёрирасони назди Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ бо шинонидани дарахтони мевадиҳанда «Боғи 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро бунёд намуданд.
Бояд гуфт, ки тайи панҷ соли охир дар ҳудуди пойгоҳи ин навъи қўшун ба таври ҳашар ниҳолшинонӣ дар ҳудуди 16 гектар «Боғи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ» ва «25-солагии Артиши миллӣ» низ бунёд карда шуд. Дар онҳо асосан дарахтони ороишӣ ва навъҳои гуногуни ниҳолҳои мевадиҳанда, аз қабили зардолу, себ, гелос ва ғайра шинонида шудаанд.
Бунёди боғҳои мазкур аллакай ҳосили дилхоҳ ба бор оварда, қисмҳои низомии баландкӯҳи мамлакат дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бо меваҳои тару тоза ва дар фасли сармо бо меваи хушк давоми сол таъмин карда мешаванд. Илова бар ин, аз ҳисоби меваҳои лазизи ҷамъоваришуда барои сарбозон афшурдаи мураббо, шарбат ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол карда мешавад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






