ДАРСИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ Қонун «Дар бораи тарбияи ватандӯстӣ» шарҳ дода шуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҷузъу томҳои милитсияи Бадахшон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур хабар доданд.
Дар оғози нишаст роҳбарияти Раёсат доир ба ҳадафҳои асосии қабули қонун, ки ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ, маънавию ахлоқӣ, ҳарбию ватандӯстӣ, ҳимояи Ватан, дӯст доштани арзишҳои миллию таърихӣ ва фарҳанги пурғановати ниёгон нигаронида шудааст, сухан карда, зарурати қабули қонунро дар замони бархӯрди тамаддунҳо амали саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд, ки маҳз сарҷамъиву муттаҳидӣ ва ваҳдату субот аз тарбияи хонаводагӣ ва худшиносии миллӣ сарчашма гирифта, ба нигоҳдошти солимии ҷомеа, ваҳдату суботи саросарӣ ва фазои комили ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандон мусоидат мекунад.
Бо назардошти аҳамияти масъалаи мазкур роҳбарони шуъба ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардиданд, ки омӯзиши қонунро дар байни ҳайати шахсӣ ба роҳ монда, дар таъмини иҷрои талаботи он, ки ба рушди тафаккури миллӣ ва тарбияи шахсият дар рўҳияи дӯст доштани арзишу муқаддасоти Ватан нигаронида шудааст, саҳм гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» 24 декабри соли 2022 қабул шуда, аз 5 боб ва 21 модда иборат аст. Қонуни мазкур ҳадаф, усулҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии онро муқаррар карда, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, таъмин ва танзими фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян менамояд.
АКС: Раёсати ВКД дар ВМКБ