ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид

Март 27, 2023 10:40

ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти вобастаи давлатии даъват, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулони ҷузъу томи низомӣ доир ба иҷрои талаботи қонуну санадҳои амалкунанда дар самти даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиа хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки комиссияҳои даъват, комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мақомоти масъули даъват бояд ҳамкориро дар сатҳи зарурӣ ва мувофиқ ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи низомӣ ба роҳ монанд, то дар натиҷа ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва дорои аҳамияти мудофиавӣ дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.

Зимнан, ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр намуда, баҳри пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои зарурӣ қабул намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки кормандони мақомоти прокурорӣ ҷиҳати ташкил ва татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар самти амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва татбиқи босамари Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 пайваста бо ҷалби хизматчиёни ҳарбӣ дар пойгоҳи қисму воҳидҳои низомӣ чорабиниву машваратҳои гуногуни кориро ташкилу роҳандозӣ менамоянд. Ҳадаф аз он пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ дар самтҳои мазкур мебошад.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2023 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд